Бархез то ба ҷониби гулшан гузар кунем

Пеши синони хори ғам аз гул сипар кунем

Чун ғунчаи лаб ба ханда гушойем дар чаман

Хӯнҳои бастаи таҳ ба таҳ аз дил бадар кунем

Ҳозир кунем лолау наргис ба базми хеш

Зон соғари ақиқи вази ин ҷом зар кунем

Чандон хӯрем май ки чу наргис ба пои гул

Фардои ҳашари масти сар аз хоки бркним

Шоҳид чаҳ ҳоҷатаст чунин каз дарахти гул

Гулчеҳрае бпост ба ҳар сӯ назар кунем

Ҷомии биёу дафтари худ боз кун чу гул

То гуфту гӯии маҷлисён мухтасар кунем

Бигирифт табъ бода прессатон зи нақли хушк

Аз дафтари ту нақли ғазалҳои тар кунем