Сурӯди маҷлис дардаст оҳу нолаи мо
Ҳубоби хӯни ҷигари лолаи гавани пиёлаи мо
Ба базми васл чу шамъем бо ту чарби забон
Ба равғанаст фитодаи зи ту нўолаҳи мо
Ба боғ чанд тамошои сарв ва лола кунем
Қади ту сарви басу оризи ту лолаи мо
Фусурда бар рухи мо ашкҳост аз дами сард
Мабод офати барги гули ту жолаи мо
Ба гирди каъба чаҳ гирдем чун нашуд зи азал
Биҷузи ҳаволии дайри Муғони ҳаволаи мо
Куҳани қиболаи рндисти далқи мо ки заданд
зи доғи ҷуръа батон меҳр бар қиболаи мо
Ба пеши назми ту ҷомии зи наср худ хаҷалем
зи нӯки калаки ту як ҳарф ва сад рисолаи мо