Баҳри хаданги оҳ аз бедоди длстонӣ
Бошад ба паҳлавии дил ҳар устихон камоне
Аз нолаи дамодам фарсӯда шуд забонам
Май боядам зи оҳан ҳамчун ҷараси забонӣ
Умрӣ ба пеши тираш будӣ танами нишона
Инак ба сина ҳарҷо аз захм ӯ нишоне
Аз тоҷ сарбаландон шуд олии остонаш
Зин остон набошад олӣтар остонӣ
Оҳӣ ки давр азон ма хӯрдам фурӯ ба сина
Баҳри харош ҷонам шуд оташини синоне
Бошад баҳори хуррами он рухи зи сабзаи хат
Ёрб мабод ҳаргизи осебаш аз хазоне
Аз заъфу аҷзу перии ҷомии з по фитодӣ
эй вой агар нагирад дасти ту навҷуоне