эй хоҷа чаҳ ҷӯии зи шаби қадари нишоне

Ҳар шаби шаб қадараст агар қадари бадоне

Равшан ба ту гӯям ки шаби қадар кадом аст

Гар зонка ту идроки шаби қадари туоне

Онаст шаби қадар ки бар ҷони Муҳамад

Қуръони азими омадау сабъи мсонӣ

Онаст шаби қадар ки аз нури ҷамолаш

Вораст кулем аз шаби торику шабоне

Онаст шаби қадар ки бар талъати моҳӣ

То матлаъи фаҷраш ба тамошои гузароне

Моҳӣ ки буд ғояти ҳоҷоту мақосид

Моҳӣ ки буд қиблаи омол ва амоне

Ҷомӣ чу ба ин шаб барисӣ аз паии умрӣ

Зинҳори саломи ман бедил барисоне