Зиҳӣ ба насх гул оварда хати биногвашат
Дамидаи сабзатар гирд чашма навишт
Туро чу зад ба баннои гӯши ҳалқаи сунбули зулф
Бунафша шуд зи ғуломони ҳалқаи дргўшт
Фурӯғ рӯй ту оташ занад ба хирмани ақл
Агар на парда кашад сунбули самани пӯшат
Ҳуҷуми ишқи ту нгзордм ба дили нақшӣ
Марви зи дида ки тарсам кунам фаромӯшат
Чу ту камар бигушое ман аз миён биравам
Маро чаҳ тоқати он то кашам дар оғӯшат
Чигуна бар хӯрам аз ту чунин ки май байнам
Ҳалоки ҷони талафи ақлу офати ҳушат
Ҳазор гӯна сухан дошт аз рахти ҷомӣ
Ниҳод бар лаб ӯ меҳри лаъли хомӯшат