Фиғон аз дасти он котиб ки калакаш

Ба беш ва кам нависӣ шуд фасона

з беш ва кам нависӣҳои ӯ шеър

зи баҳр ва вазн монад бар карона

Навишт аз маснавии баҳрами китобӣ

Ки чун ҷӯям зи назми онҷои нишона

Наёбам зон нишонаи ҷузи баёзӣ

Ки дорад ҳар ду мисра дар миёна