Турои ду абрӯии пайваста бар ҷабини шукуфта

Буд чу матлаъи барҷаста дар замини шукуфта

Мҷуи кудурати атн зиҳам нишин шукуфта

Ки ҳаст оина рӯй дили ҷабини шукуфта

Маро ба паҳлавии пари доғи тири синаи шикофаш

Буд чу мисраи барҷаста дар замини шукуфта

Мудоми содаи зи чини ҷабҳааш чу оина бошад

Асири машраби он шӯхи нозанини шукуфта

Итобу лутфи накӯёни баҳам чу шукр ва шер аст

Ҳалоки олами таркони хашмгини шукуфта

Даруни синаи ман ҷӯш мезанад гули доғаш

Худо насиб кунад ёри дилнишини шукуфта

Ба боғи синаи ҷӯё ки рашки хулд барин аст

зи доғи срздаҳи гулҳои оташини шукуфта