Кушояд бар рахти дарҳои файз аз Ямани ҳушёрӣ
Калиди қуфли чашм баста набӯд ғайри бедорӣ
Димоғи нотамоми ним ҷон месозад эй соқӣ
Ҳубоби осои маро барпоӣ дорад файзи саршорӣ
Агар якбори гулҳои тамошо чӣанд аз рӯят
Кашад булбул ба гулшан аз хиёбони хати безорӣ
Ба мардум равшанаст аз мӯии мижгони ту ин маънӣ
Ки аз бемор дорӣ нест афзӯни заъфи беморӣ
Фалакро бо ту корӣ нест то хоки раҳе , ҷӯё !
Напечидааст дасти зӯри ҳаргизи панҷаи зорӣ
эй ки аз сар то ба пои лабрези маънӣ чун хамӣ
Бар мадор аз хештани дасти талаб дар худ гумӣ
Гавҳар маънӣаст пинҳон дар ту худро кам мгир !
Хештанро қатра май пиндорӣ , аммо қулзумӣ
Як нафас дар дида кӣ ором мегирад нигоҳ
Ҳар қадар бигурезӣ аз мардум , азизи мардумӣ
Пой то сар дар паии рӯзӣ , даҳонеу шикам
То ту чун дасти оси саргардони мушти гандумӣ
Кӣ буд комили ҷунунро фикри пойизу баҳор
Норисӣ , зон дар расӣданҳо ба банди мавсимӣ
Даври чашми бади зтмкини ту кандар базм май
Аз шароби лаъли гавани кӯҳи Бадахшон чун хамӣ
Кӯи сафоҳон то наҳй ҷӯё ба сари тоҷи мурод
То ба ҳиндии ҳамчуи товус аз паии зеби дамӣ