Зиҳӣ аз бодаи шавқи ту соғари косаи сарҳо

Ниҳон дар ҳар дил аз шӯри таманнои ту маҳшарҳо

Ба боғ аз ҷилва рангин фурӯзӣ оташи рашкӣ

Ки дӯд аз гули гул товус бархезад чу миҷмарҳо

Ба баҳри хӯн , тапиданҳои дилҳо кӣ абас бошад ?

Ба ҷое мерасад охири талоши ин шиноварҳо

Зшрҳи захмҳои сина кардам номае иншо

Ки бошад чоки чок аз дард ӯ боли кабӯтарҳо

Тамошо дорад имшаби синаи сӯрохи сӯрохам

Ба дам овардааст аз доғҳо фавҷи самандарҳо

Гадои неъмати дардам ба роҳи ҷусту ҷӯи ҷӯё

Бабандам бар миёни дилро , чу кашкули қаландарҳо