Аз рафтанаш ба хоки чаман то камар нишаст
Гулшани зи ҷӯши лола ба хӯн ҷигар нишаст
Ранг паридаам чу зи шарм рахт гудохт
Шабнам шуд ва ба оризи гулбарг тар нишаст
Аз об оҳанаст сиришками баранда тар
Дар синаи бскаҳ зон мижаам нештар нишаст
Дар ҷӯши лолаи ҷилва тарозаст сарви боғ
ё аз ғами қади ту ба хӯн то камар нишаст
Наздиктар ба хилват ӯ ҳар қадари шудем
Ҷӯёи тавону сабри зи мо давртар нишаст