Ғофил аз ҳақгар бова шуд ҷом меҳушёр нест

Боз бошад дидаи наргис вале бедор нест

Аз риёзат дар гудози дил чу по қоим кунӣ

Ҳамчуи шамъати ҳеҷ бок аз кисват зртор нест

Шикваи дунё , далели ҳуби дунёии ту бас

Бо баду неки ҷаҳони ҷузи толибашро кор нест

Тундху саркаш шавад зи омезиши аҳли нифоқ

Ҳеҷ маҳмизии саманди шуъларо чун хор нест

Ғофилон дар зиндагии бенанди дунёро ба хоб

Ҳар ки пӯшидааст чашм аз кори ҳақ бедор нест

Софи ботинро набошад бе асари оҳи саҳар

Каҷ равад тири туфанггар аз дарун ҳамвор нест

Дасту по дар кори дунё ҳар ки дар ботин занад

Ҳеҷ кам ҷӯё дар арбоби риё аз мор нест