Чунин дар хок агар бошад тапиши ҷисми нзорм ро
Занад бар шишаи чархи барин санги мазорам ро
На танҳо дарди ҳурмони ту рӯзамро сияҳ дорад
Чу доғи лола дар хӯн мекашад шабҳои торам ро
Ба ёди он баҳори ҷилваи гулрезони ашки ман
Кунад рашки гулистони Ирам , ҷайбу канорам ро
Аҷабгар то дами маҳшари зхўоб ноз бархезад
Рабӯд аз бскаҳи чашми ним маст ӯ қарорам ро
Нишаста чу раги ёқӯт дар хӯни ҷигари ҷӯё
Ғамаш дар сахтӣ аз бас бигузаранд рӯзгорам ро