Ашки ҳасрати равшании афзои чашмтар бас аст
Обдории шамъи хлўтхонаҳи гавҳар бас аст
Дасту бозуи зеби мардони ҳунарпарвар бас аст
Боғи рангини ҷилваи товуси болу пар бас аст
Беш аз ин ойӣна аз рашки сафоят чун кунад
Инки дандон бар ҷигари афшурда аз ҷавҳар бас аст
Ҳар куҷо қомат барафрӯзад қиёмат қоим аст
Зулф бар ҳам хӯрда ӯ шӯриши маҳшар бас аст
Бор кисват барнатобад аз назокати ҳасани ҳинд
Парниёни ахгари тобандаи хокистар бас аст
Дар паноҳи аҷз аз ҷаври ҳаводиси эминам
Сайдро ҷӯёи нигаҳбони паҳлавии лоғар бас аст