Ғамаши гарми тапиши гуҳи шуъла осо мекунад мо ро

Гуҳӣ бедасту по чун мавҷ дарё мекунад мо ро

Чунон дар парда хомӯшӣем аз дидаҳо пинҳон

Ки овози шикасти ранг пайдо мекунад мо ро

зи ҳам парвозии анқои нбстми тарафӣ аз азлат

Ба гумномӣ чу худ машҳур дунё мекунад мо ро

Ба роҳи каъбаи шавқати фиғон аз дил тапидан ҳо

Ки монанди ҷарас ҳар лаҳза расво мекунад мо ро

зи худ бегона ёбам хешро то ба худам , ҷӯё ! ‏

Бинозам бехудиҳоро ки аз мо мекунад мо ро