Ба хӯни дидаи ҳасрати сар риштаанд маро
Зсўзи ишқи накӯён бириштаанд маро
Надидаи ранги рухам рӯй сурхеи ҳаргиз
Хати ҷабини магар аз зар навиштаанд маро
Ҳамеша бастаи лаб аз айб мардумон бошам
Барои бахяи ин захм риштаанд маро
Ҷавоби он ғазал « фикрат »аст ин ҷӯё
« чу сафҳаи ғалат аз сар навиштаанд маро »