Бо шухии чунон ба канорам нишаста монад

Гӯйӣ ба лавҳи ҳофизаи мазмун ҷуста монад

Тӯмори шикваҳои дили ман ба дасти чарх

Нагушӯда ҳамчуи ғунчаи шох шикаста монад

Бози окаҳ дар фироқи ту ҳар мӯӣ бар танам

Бисёр бе қарортар аз набз хаста монад

Мазмуни бастаро натавонад касе кушод

Мурғи дилам ба зулфи ту то ҳашар баста монад

Ҷӯёи гули нишот ки набӯд ду рӯз беш

Шукри худо ки дар кафи мо даста даста монад