Сад шукр каз ғам чу туе зор ва хаста ам

Аз паҳлавии рухи ту чу зулфат шикаста ам

Бар дидаам хиром ки дар раҳгузори ту

Фаршаст шишаи пораи ранг шикаста ам

Чун ғунчаҳои лола нашукуфта дар чаман

Гулҳои доғ дар ғам ӯ даста баста ам

Шухии ман мулоими табъ хилоиқ аст

Бар сафҳаи замона чу ашъор ҷуста ам

Чун ғунчае ки срзнд аз шохи нозукӣ

Дилро ба тори зулфи сиёҳи ту баста ам

Сайлоби ҳодисот кӣ аз ҷои баради маро

Дар чормўҷи тафриқа ҷӯё нишаста ам