Изори лаъли гаван хубаст аз хубон ба ҳам судан

Ба андоз гузиданҳо лабу дандон ба ҳам судан

Ҳарисами бас ки бар назораи шабҳои васл ӯ

Дилам дар чнгл бозаст аз мижгон ба ҳам судан

Ҳалоки тунде , дар айни сулҳам , аз ту ме ояд

Чу тори бахя дар пайвандҳо дандон ба ҳам судан

зи рашки ранги лаълат ғунча шуд гул , олимӣ дорад

Ба андоз макиданҳо лаби хандон ба ҳам судан

Чу санг Асия мемонад охири аҳли давлат ро

Кафи афсӯс аз навмидии даврон ба ҳам судан