Пинҳон турост соиди симин дар остин
ё ҷои гирифтаи дастаи насрин дар остин
Дар ҳиҷри навгулии сети ду минқори андалеб
Моро ҳазор нолаи рангин дар остин
Аз ёди лутфу қаҳри ту мино сифат марост
Бо ҷӯши хандаи гиряи хунин дар остин
Мавҷи шикасти номи худои хўшнмо буд
Аз зулфи анбарин ту чун чин дар остин
Чун шохи ношукуфтаи гул дар гиристан
Дорам ҳазор дидаи хунин дар остин
Ҷӯё махӯр фиреби куҳани золи осмон
Дорад ду сад киришмаи ширин дар остин