Ба роҳи фақри марои ин ва он наме бояд
Чу роҳи амн буд корвон наме бояд
Камол касб кун аммо ҳунар фуруш мабош
Дукон хушаст касе дар дукон наме бояд
Ба рӯзгори қаноат ба ҳеҷ натавон кард
Магар барои ҳумои устихон наме бояд
Ба роҳи фақри балое чу ҷамъ сомон нест
Агар ба ном раседӣ нишон наме бояд
Маро ки рӯза маҳрӯмем ҳама сол аст
Ба рӯзи иди дили шодмон наме бояд
Сухан ки мубтазал афтод осмонӣ нест
Чу шамъи ҳарф касе бар забон наме бояд
Кабӯтарони маъонӣ ба бурҷ хеш оянд
Барои дузди сухани посбон наме бояд
Кулем тоири ҳимматгар ошёни талабад
Ҷузи остонаи шоҳи ҷаҳон наме бояд