Зеварӣ аз доғи марди ишқро беҳтар набӯд

Каъбаи дилро ба аз ваии ҳалқае бар дар набӯд

Файзи бахше сарбаландӣ оварад бингар ки шамъ

То дами охири сараш безевар афсар набӯд

Бо ҳамаи ҳайронӣу саргаштагӣ аз ҷазби шавқ

Рафтаам роҳӣ ки Хизраш низ бераҳбар набӯд

Баъди мурдани хокам аз оғӯши худ берун фиканд

Меҳрбонии ҳичгаҳ дар табъи ин модар набӯд

Дар диёри ъшқбозӣ рӯй сомон кас надид

Сикка дар ин малики ҳаргизи ршинос зар набӯд

Ҷилва гоҳе ҳасан хоҳад , ӣнҳама парҳез чист

Рух мапуаш аз дидаи мо бода бесоғар набӯд

Неку бади яксон буд дар пеши табъ мо кулем

Ҳеҷ акси ойинаро аз дайгарӣ беҳтар набӯд