Касе ки аз Хизри об бақо наме гирад
Пиёларо ба ҷуз аз даст мо наме гирад
з бе насибии аҳли ҳунар аҷаб дорам
Ки устихон ба гулӯӣ ҳумо наме гирад
Миёни як ҷиҳатони он чунон нифоқ афтод
Ки коҳи ҳам тараф каҳрабо наме гирад
Ба ин димоғ ки бо буии гул ба сар набарӣ
Чаҳ мекунӣ ки дилат аз ҷафо наме гирад
Биёи биё ки чунон бе ту зиндагии талхи сет
Ки мавҷи домани об бақо наме гирад
Нахурда печишу тобӣ ба ком дил нарисӣ
Гуҳар ба ришта ӣ бетоб ҷо наме гирад
Дарин хумор ба фарёди мо рас ! эй соқӣ
Ки ғайри раъша касе даст мо наме гирад
Ҳаловатӣ ки дил аз кунҷ фақр ёфта аст
Чаро шукри зи не бӯрё наме гирад
Ҳинои мавсими гул то нарафтааст аз даст
Кулем пои гулиро чаро наме гирад