Толеъи ворун бар он баргаштаи мижгон баста ем
Гарчи бе қадарем худро бар азизон баста ем
Мӯрӣ аз тоби камари моро тавонад сайд кард
Чашми ҳиммат гарчи аз малики сулаймон баста ем
Дидагар сероб шуд , дили ташнаи як қатра монад
Хона вайрон карда то ойини дукон баста ем
Донаи доми таъаллуқи мазраъ гетӣ надошт
Мо ба умед чаҳ ёрб дил ба даврон баста ем
Хотири ошуфта мо ҳаст айби рӯзгор
Бар сари айёми дастори парешон баста ем
Мо ва май дар ин чаман чун тавбаи фасли баҳор
Рӯзи аввал бо шикастани аҳду паймон баста ем
Аз шикастаи киштии мо то гуҳӣ ёд оварад
Риштаҳои мавҷ бар ангушти тӯфон баста ем
Дар ҳисори оҳани мо ғам нахоҳад роҳ кард
Рахнаҳои синаро яксар зи пайкон баста ем
Хори мижгонро ба чашм кам мубин дигар кулем
Чори мавсим аз гулаши нахли шаҳидон баста ем