Мо ки пеш аз марги осоиш таманно ме кунем

Шиква аз бдгрдии афлок беҷо ме кунем

Чун ба кӯии хоксории саркашӣ аз сар наҳем

То ҳавои хишти болинро зи сар вомӣ кунем

Мо хаси сайлоби сўдоиим ва дар сайри сулӯк

Гар ба дарё мерӯем , ар ҷо ба саҳро ме кунем

Тарку таҷредӣ ки мо дорем беаҷраст , ҳайф

Чун зи рашки аҳли дунёи тарк дунё ме кунем

Кори фардоро зи мо имрӯз мехоҳанд ва мо

Ҳарчиро имрӯз бояд кард фардо ме кунем

Чора кам кун то ҷафои даҳри ҳам камтар шавад

Афканди сад уқда дар кор ар яке вомӣ кунем

Бас ки ҳарҷо шикваи афлок ва анҷум карда ем

Шармсорӣ май кашем , ар сар ба боло ме кунем

Гар ба кунҷи азлат аз танҳоӣам гирад малол

Моу анқои ҳарду дар як ошён ҷо ме кунем

Хоҳи сабру хоҳи дил ҳарчиз гум шуд аз кулем

Ҷумларо дар кӯчаи зулфи ту пайдо ме кунем