Фақр ворастагӣаст аз ғам ҳар неку бадӣ
На ки сар бор шавад фикри кулоҳи нмдӣ
Халқ мурғон асиранд ки дар як қафасанд
Зон миён аз ки тавон дошт умеди мададӣ
Ғунча дар боғи ҷаҳон низ чу ман бо дили танг
Даст бар сар занад аз саркашии сарви қадӣ
Ин дили пурҳасаду кӣна ки дар бар дорӣ
Синаро сохтаи хории каш ҳар дасти радӣ
Лиззати бӯсаи рикоб аз кафи пой ту гирифт
Ки наёяд Бамёни пои шумору ададӣ
Шукрҳо гӯямат эй чарх ки аз гардиши ту
Нест як кас ки тавон баради баҳолаши ҳасадӣ
Бахти воруни ман он нил буд барзахи умр
Ки кашад ҷониби худ офат ҳар чашми бадӣ
Одат доду ситад додани ҷон мушкил кард
Зонка ин дод з дунбол надорад ситадӣ
Лоф бе баррагии фақр аз ту ҳаромаст кулем
Пӯсти Тахтӣ чу ту дорӣу кулоҳи нмдӣ