Ҳакими аҳду Фариди замонаи мҷдолдин
Ки табъи хастаи худ шодмон азу дорам
Варои неъмати сиҳҳати дарин ҷаҳони фарох
Ту ҳеҷ неъмати доне , ман он азу дорам
Чу дар муъолиҷат ман накард тақсирӣ
Сипосу миннат то осмон азу дорам
Чу дузди иллати оҳанги гавҳар ҷон кард
Миёни дузду гавҳари посбон азу дорам
Чигуна узри карамҳои ӯ тавонам хост ?
Ки ман тавон тани нотавон азу дорам
зи чанги иллат чун ҷонам ӯ бурун оварад
Ҳақиқатаст ки ҷону ҷаҳон азу дорам
зи ман чаҳ хизмат шоиста ояд онкас ро
Ки баъд аз эзади халлоқи ҷон азу дорам