Ғарибу хаста ва дармондаам худовандо

зи файзи фазл , ту як шарбат шифо бифирист

Чу лолаи ғарқаи бхўнм дар оташи шавқат

Насими Лутфӣ аз олам бақо бифирист

Ббўии раҳмати ту банда кард ҷони бозӣ

Бадасти афви ту парвона ато бифирист

Агар чаҳ марҳам ҷонаст захм дар раҳи ту

зи нӯши доруии раҳмати насиб мо бифирист

Чун хӯни ҷони ман андари раҳи ту рехта шуд

Ҳам аз хазинаи лутфи ту хӯн баҳо бифирист

Табиби ҳоли шиносӣ , туро наёрам гуфт

Ки давр кун зи ман ин дард ё даво бифирист

Ҳар ончии маслиҳати кори ман дар он доне

Агар шифост вагар марг эй худо бифирист