Ҳолати чашми туу қиссаи бемории дил

наметавон ёфт табиб аз асари зории дил

Бахт бидортў донад ки ману мардуми чашм

Чашм хобӣ накунем аз ғами бемории дил

Ману чашми туу дил ҳар се алилу бемор

Ҳам магари лаъл ту ояд ба парастории дил

Хӯн шуд аз бас ки ғами лаъли туро хӯрд дилам

Накунад лаъли ту аз баҳр чаҳ ғмхўории дил

Як гирифтор дар ин шаҳр набошад чаҳ кунам ?

Бо чунин бе хабарони шарҳи гирифтории дил

Ҳеҷ доне ки чаро аз ватан овора шудам

Ҷой мо нест дарони зулфи з бисёре дил

Шаб набӯдааст дар он зулфи сиёҳи пурхам ,

Ки маро гум нашавад ҷон ба талабкории дил

Ҳарчӣ аз дӯст ҷафо дид вафо кард дилам

Афсар , ойини ҷафои байну вафодории дил