То ба рӯй ту шуд дидаи бозам

Аз ҳамаи дилбарон бе ниёзам

Тӯшаи ҳасан ва ман бандаи ту ,

Ту чу Маҳмӯд ва ман чун Аёзам

Ишқ ту карда расвои халқам

Пардаи бардошти охири зи розам

Шамъи сон аз фироқати ҳамаи шаб

То саҳаргаҳ бисӯзу гудозам

Аз нигоҳии диламро рабӯдӣ

Гардиши чашм мастат бинозам

Ҷону дил дар раҳат додам , оре

Дар қимори ғамат , покбозм

Чанд , чанд аз фароғат бисӯзам

То ба кӣ бо хаёлат бисозам

Васли ту то мурод дилам шуд ,

Ғайр ҷон нест бар каф набозам

Ҷузи хаёли Рахш , нест афсар

Мӯниси шомҳои дарозам