Омад баҳору бахт ки ъушрат Фзо шавад
Аз ҳар тарафи ҳазор гули фатҳ во шавад
Гулшан шавад нишемани султони навбаҳор
Чун баҳри шоҳи тахти мурассаъ банно шавад
Кони зару ҷавоҳири баҳр дару гуҳар
Шуд ҷамъ то нишемани баҳр сахо шавад
Баргаш зумуррадасту гулаши лаъли обдор
Гулзори тахти шаҳ ки бар об бақо шавад
Турон сазад ба Подшаҳӣ каз сари парӣ
Лаълӣ ба сад ҳазор Бадахшон баҳо шавад
Шуд вақт каз насими қудуми баҳори малик
Дар боғи тахти ғунчаи ёқӯт во шавад
Иди қадами мубораки наврӯз мужда дод
Комсоли тоза аз паии ҳам фатҳ ҳо шавад
Ид муборакаст казон пои бахти шоҳ
Чун шоҳидони зи хӯни аду пурҳино шавад
Хоқонӣ ид омаду хоқон ба Ямани худ
Ҳар кор каз худоӣ бихоҳад раво шавад