эй оташи савдои ту хӯн карда ҷигарҳо

Бар бод шуда дар сари савдои ту сарҳо

Дар гулшани умед ба шохи шаҷари ман

Гул ҳо нашикуфтанду баромад на самарҳо

эй дар сари ушшоқи зи шӯри ту шағаб ҳо

Вай дар дили зӯҳҳоди зи сӯзи ту асарҳо

Олӯда ба хунобаи ҳиҷри ту равон ҳо

Полудаи зи андешаи васли ту ҷигарҳо

Ваии муҳраи умеди марои захми замона

Дар шшдри ишқ ту фурӯбаста гузарҳо

Кардам хатар ва бар сари кӯии ту гузаштам

Бисёр кунад ошиқи азин гӯнаи хатарҳо

Хоқонӣ аз он гуҳ ки хабар ёфт зи ишқат

Аз бехабариаш ба ҷаҳон рафт хабарҳо