Ишқи ту даст аз миён кор баровард

Фитнаи сар аз ҷайб рӯзгор баровард

Ҳар ки ба кӯии ту ним бори фурушад

Ҷон ба таманнои ҳазор бор баровард

Ҷазаъи ту дилро ҳазор неши фурӯи барад

Лаъли ту ҷонро ҳазор кор баровард

Табъи ту то одат паланг биёмухт

Гирди зи шерон марғзор баровард

Гуфтӣ каз интизор кор шавад рост

Вой бар он кор контзор баровард

Хуии ту бо дигарон чу шохи саман буд

Кор чу бо ман фитод хор баровард

Оташи ишқи ту дар ниҳод ман афтод

Дӯди зи хоқонӣ ошкор баровард