Ҷонои зи сари меҳри ту гаштан натавонам

Вази роҳи ҳавои ту гузаштан натавонам

Дарҷони ман андешаи ту оташии афканд

Конро ба ду сад тӯфон куштан натавонам

Сад ранг биомезам чаҳ суд ки дар ту

Меҳрӣ ки набӯдааст сириштан натавонам

То будам бар қоидаи меҳр ту будам

То бошам азин қоида гаштан натавонам

Чун нома нивисам ба ту аз дарди дили хеш

Ҷони ту ки аз заъф навиштан натавонам

Ҳоли дили хоқонӣ агар шарҳи пазирад

Ҳқо ки ба сад нома навиштан натавонам