Хуши хуш аз ишқи ту ҷонӣ ме кунам

Вази гуҳар дар дида конӣ ме кунам

Бар сари ақли остинӣ май занам

Аз дар сабр остонӣ ме кунам

Ҳар ки аз ғайри ту лофӣ ме занад

Аз сари ғайрат ҷаҳонӣ ме кунам

То дилам кардӣ нишони тири ҳиҷр

Сад хаданг аз ҳар нишоне ме кунам

То синон андоз шуд мижгони ту

Ҳар дам аз сина синоне ме кунам

Мор заҳҳокаст зулфат каз ғамаш

Қасри шодӣ ҳар замонӣ ме кунам

Дар тани хеш аз барои қӯт ӯ

Мағзӣ аз ҳар устихонӣ ме кунам

Бар нигини ҷони хоқонии муқӣм

Меҳри меҳр меҳрбонӣ ме кунам