Хез то рахт дил барандозем
Вази паии никўӣӣ сар андозем
Бо ҳарифони дарди муҳраи меҳр
Бар бисот қаландар андозем
Дайну дунёи ҳиҷоби ҳиммати мост
Ҳар ду дар пой дилбар андозем
Дӯст дар рӯй мо чу санги андохт
Мо ба шукрона шукр андозем
Мардуми дидаро сапанд кунем
Пеш рӯй бар озар андозем
Гарчи аз тавсанӣ чу толеъи мост
Мо каманд вафо дарандозем
Гар бад-ӣни ҳила сайд шуд бахи бах
Варна корӣ дигар барандозем
То кӣ аз ғуссаҳои бдгўён
Қиссаҳо пеш довар андозем
Шарҳи ин ҳоли пеш дӯст кунем
Санги фитна ба лашкар андозем
Тӯҳфа созем ҷони хоқонӣ
Пеши хоқон Акбар андозем