Чаҳ кардаам биҷои ту ки нестам сазои ту
На аз ҳавои дилбарон барӣ шудам барои ту
Мада ба худ ризои он ки бад кунӣ биҷои он
Ки бо ту дошт рои он ки нагзарад зи рои ту
Дили ман аз ҷафои худ ммоли зери пои худ
Ки бдкнии биҷои худ ки андар ӯст ҷои ту
Макун хароб синаам , ки ман на мард кӣна ам
зи меҳри ту барӣ наам , ба ҷони кашами ҷафои ту
Маро дилӣаст пар зхўн бабанд зулфи ту дарун
Паноҳ май барам кунун ба лаъл ҷон физой ту
Марои зи дил хабар расад , зи роҳатам асар расад
Саҳаргаҳӣ ки дар расад насими дили гушои ту
Руху сиришки ман нигар ки кардае чу симу зар
Табораки аллоҳ эй писар қавӣаст кимиёии ту
На афзалами ту хондае , ба базми худ нишонда Эй
Кунун зи пеши рондае , ту донеу худои ту