Гар бар дар висолати умеди бор будӣ

Баси дида каз ҷамолати умедвор будӣ

Ин фитна ҳо нарафтӣ аз рӯзгор бар мо

Гарна ҷамоли рӯят дар рӯзгор будӣ

Моро ғами фироқат баҳрӣаст бе карона

эй кош бо чунин ғами дил дар канор будӣ

Ёрб чаҳ равнақастӣ бозори соҳирӣ ро

Гар чун ду чашмат ӯро як кӣсаи дор будӣ

Гар бар фалак раседӣ аз рӯй ту хаёлӣ

Дар чашм ҳар ситораи сад лолаи зор будӣ

Рафтӣ чу он гули мо аз баҳри сайди гулшан

Гулро ба чашми булбул кӣ эътибор будӣ

Хоқонӣ ар набӯдӣ маддоҳи хӯбии ту

Хоқони Акбар ӯро кӣ хостор будӣ