Лўриӣ гуфт маро дар Арафот

Ки май ва банг нагирам пас аз ин

Гарчи зангии лақабами баҳри нишот

Одат занг нагирам пас аз ин

Ту гўо бош ки чу кардам ҳаҷ

намегулранг нагирам пас аз ин

Тавба чун бехи фурӯи барад ба дил

Шох ҳар шнг нагирам пас аз ин

Дасти султони хирад бӯса задам

Пой сарҳанг нагирам пас аз ин

Номвари теғам бо ҷавҳари нур

Зулмат нанг нагирам пас аз ин

Сайқали ақл ҷило дод маро

То дигар занг нагирам пас аз ин

Шоҳиди дӯст каш афтод ҷаҳон

Дар буриш танг нагирам пас аз ин

Нохун чанг гирифтам ки дигар

Зулф дар чанг нагирам пас аз ин

Чанг чун дар расан каъба задам

Гесуӣ чанг нагирам пас аз ин