Саломи ман ки расонад ба паҳлавони ҷаҳон
Ҷузи офтоб ки чун ман дирам харида ӯст
Сабои кабӯтари ин нома шуд бидон даргоҳ
Ки сӯрати карами имрӯз офарӣда ӯст
Фалак чу Тифли араби тавқ дор шуд зи ҳилол
Ки чун ғуломи ҳабаш доғ баркашида ӯст
Сахоаши нури нахустин шиносу сувари пасин
Ки ҷон ба қолаби умед дар дамида ӯст
зи заъфарони рух золимон кунад гуҳи адл
Ҳунути ҷиФаҳи зулмӣ ки сар бурӣда ӯст
Шашуми арӯси фалакро умеди домодӣ
зи бахти болиғи бедори хоб дида ӯст
Шунидаанд зи ман сафдарон ба ҳифзи алғиб
Саноӣ ӯ ки сафи бухл бар дарида ӯст
Ба пеши кории меҳраши ҳамаи танам камар аст
Басони банди дўотӣ ки пеш дида ӯст
Вале дил аз сари сарсоми ғам ба фурқат ӯ
Забони сиёҳтар аз калаки сар кафида ӯст
Чаҳ гӯям аз сифати орзӯ ки қиссаи ҳол
Нагуфта ман ба забон аз дилам шунида ӯст