Нест бе рӯй ту майли гулу барги саманам

То шудам бандаи ?ути озоди зи сарви чаманам

Мнкаҳ дар субҳи азали навбат меҳрат зада ам

То абади дами зи вафои ту занам гар назанам

Ҷони ман ҷуръа ӣ ишқ ту наризад бар хок

Магари онрўз ки дар хоки бирезади баданам

Гар маро бо ту бзндони абад ҳабс кунанд

Турраи ?ути гираму занҷири баҳам дар шиканам

Бори сар чанд кашам бе сари зулфат бар дӯш

Вақт онаст ки дар пой азизат фиканам

Чун сар аз хўобгаҳи хок бар орм дар ҳашар

Бчкди хӯни ҷигаргар фишории кафанам

Охир эй қиблаи соҳиби назарон рух бинмоӣ

То рух аз қиблаи бгрдонму сӯй ту кунам

Бар танами як сар мӯ нест ки дар банд ту нест

Гарчи кас боз надонад сари мўӣии зи танам

Перҳан пора кунам то ту бибинӣ аз меҳр

Тан чун тори қсби тофта дар перҳанам

Бскаҳ мегарем ва бар хештанам раҳмат нест

Гиря меояд азин восита бар хештанам

Чун кунам васфи шукри ханда ӣ шӯрангезат

Аз ҳаловат баравад оби набот аз суханам

Чун ҳадис аз лаб мегаван ту гуяд хоҷу

Ҳамчу соғар шавад аз бодаи лаболаби даҳанам