эй бӯстони оризи ту гулистони ҷон
Чашми ту айни мастӣу ҷисми ту ҷони ҷон
Зулфи ту дастгири дилу пои банди ақл
Лаъли ту ҷонФзои тану длстони ҷон
Меҳри рухи ту муштарии осмони ҳасан
Ёди лаби ту бадарға ӣ корвони ҷон
Бар сар наомадаст сиёҳӣ биппар дилӣ
Чун он ду зулфи қалби шикан дар ҷаҳони ҷон
зи Андам ки рафт номи лабат бар забони ман
Таъм шукр намеравадам аз даҳони ҷон
Гуяд хаёли он лаби ҷонбхши длФриб
Ҳар лаҳза бо дилами суханӣ аз забони ҷон
Он зулфи ҳамчу дол бибин бар канори дил
Ва он қад чун алиф бингар дар миёни ҷон
Хоҷу мабош холӣ аз он меки хуррамаст
Аз рангу буи ӯ чаману бӯстони ҷон
Зон лаъли оташини қадаҳӣ нӯш кун ки ҳаст
Нори дили шикастау оби равони ҷон