эй сунбула ӣ зулфи ту хирман зада бар моҳ

Вай рӯй ман аз меҳри ту таъна зада бар коҳ

Хуршеди ҷҳонтоби ту аз шаб шудаи толеъ

Ҳиндӯии расани бози ту Бирма зада харгоҳ

Афъии ту дар ҳалқау ҷодӯии ту дар хоб

Хуршеди ту дар ақрабу парвини ту бар моҳ

Сӯрат натавон басти чунин мӯии миёнӣ

Бар мӯии камари бастау мӯ то бкмри гоҳ

Соқии бъқиқ шукрӣ мехӯрам хӯн

Мутриб ба навой саҳарӣ мезанадам роҳ

Дар силсила ӣ зулфи расани тоби ту печам

Бошад ки дили хаста бурун оварам аз чоҳ

Ҳамчун дил ман ҳаст паришёну гирифтор

Дар шасти сари зулфи гиреҳгири ту панҷоҳ

Ойинаи рухсори ту зангор баровард

Аз бскаҳи баромади зи дили сӯхтагони оҳ

Хоҷу набарда раҳи бсрои парда ӣ васлат

Дарвеши куҷо хайма занад дар ҳарами шоҳ