Ошиқу маст ва хароб кистам ?

Бихўд аз ҷом шароб кистам ?

Дар мазоқи оби ҳаётам талх шуд

Ташнаи лаъл музоб кистам ?

Ним бсмли ғарқаи андари хӯну хок

Сайди чашми ним хоб кистам ?

Дар ба дар монанди Қайси омирӣ

Волаи шавқ ҷаноб кистам ?

Рахт бар баст аз дилами сабру қарор

Инчунин дар изтироб кистам

зи оташи дили сӯхтами сар то ба пой

эй дариғо ман кабоб кистам ?

Холиди андари рақсу ҳолати зарраи сон

Дар ҳавоӣ офтоб кистам ?