эй васли ту аъзам амоне

Сармояу айшу Комронӣ

Гар бе ту ба умри ҷовдонӣ

Як лаҳза зем ба шодмонӣ

Ёрб нахӯрам бар аз ҷавонӣ

Дар баҳри ғамами фитодаи мушкил

Киштӣ расадам дамӣ ба соҳил

Бар боди шудеми зи оташи дил

Шуд оби ду чашмами хоки тани гул

Афсӯси ту ҳол мо ндонӣ

Бе меҳри рухи ту шоми ҳиҷрон

Резам чу сипеҳри хӯн ба домон

Сад чок кунам зи ғами гиребон

Лекин чу намерасад ба сомон

Мақсӯд чаҳ суд хӯн фишонӣ ?

Пайваста чун ғунча мехӯрам хӯн

Ҳар гӯша равад зи дидаи Ҷайҳун

Доман шудаи зи ашки сурхи гулгун

Бе қади ту лек сарви мавзун

Моро чаҳ ҳавои гулистонӣ

Гар зистаем бе висолат

Ғарқ арақем аз хиҷолат

Аммо ба ду абрӯии ҳилолат

Ин нест ҳаёт бе ҷамолат

Маргӣаст ба номи зиндагонӣ

Бесабр ва шикеб дошт як чанд

Хӯни дили риши орзӯманд

Бо ҳиҷри ту то гирифт пайванд

эй ман ба хаёл аз ту хурсанд

Бибаред зи дӯстони ҷонӣ

Холиди зи ду дидаи хӯни Соро

Май бори ниҳону ошкоро

Зон абри ниҳоли муддао ро

Шодоби ҳамеи намои худо ро

То бор диҳад ҳамон ки доне

Ёрб ба муҷаррадони афлок

ё раб ба шаҳи сарири лўлок

Аз ғайри ту рустагон бе бок

Пеши ту шафиъ оварам ток

Бор дигарам бадви расонӣ