Гарчи дар сӯрати зарроти ҷаҳони ҷилва гарӣ

Гоҳ дар ҳури намояндау гуҳ дар башарӣ

Лек чун зоти ту аз занг ҳудусаст барӣ

На башари хўонмт эй дӯст на ҳур ва на парӣ

Ин ҳама бар ту ҳиҷобаст , ту чизи дгарӣ

Дилбарӣ аз ту ва хубон ҷаҳонанд ҳиҷоб

Баҳри зхорӣ ва ҳар чаҳ на ту монанди ҳубоб

Айни анворӣу ғайри ту буд тоби сароб

Нури покӣ ва фасонааст ҳадиси гулу об

Лутфи маҳзӣ ва баҳонааст либоси башарӣ

Набӯд ҷои сухани нуктаи маҳбӯбии ту

Нест майдони хиради соҳати маҳҷӯбии ту

Мари турои зибдўи баси шарҳи дили ошӯбии ту

Ҳад андеша набошад сифати хӯбии ту

Ҳар чаҳ андеша кунад хотир аз он хўбтрӣ

Ба ҳамаи зарра буд нисбату пайванди туро

Дар ҳамаи чизи аёни дидаи харманди туро

Лек дар ҳар ду ҷаҳон нест монанди туро

Ҳеҷ сӯрати натавонад ки кунад банди туро

Дар сувари зоҳирӣ аммо на асири сӯрӣ

Нест бе сӯзи ту дар рӯй замини ҳеҷ дилӣ

Нест бе акси рахт дар чамани даҳри гулӣ

Нест бе нашоҳ ишқат ба хароботи миллӣ

Ҷилваи ҳасани ту аз шакл мубаррост , вале

Май туоне ки ба ҳар шакл кунӣ ҷилва гарӣ

Нест он кӯси ано алҳақ зада Мансури тўӣӣ

Ба ниёзи арнии наъраи зани таври тўӣӣ

Мутаҷаллии туу ҷӯяндаи он нури тўӣӣ

Дар мроёии назари нозиру манзури тўӣӣ

Ваҳдати зоти ту аз ваҳм дўӣӣ ҳаст барӣ

Хӯбӣу ишқ буд хоси ту дар куну макон

Гоҳ дар шеваи Юсуфи шӯй эй дӯсти аён

Гоҳ дар кисвати ёқӯб ба рӯйиши нигарон

Мекунӣ ҷилваи нахуст аз рухи хубони ҷаҳон

Вонгаҳ аз дидаи ушшоқ дар ӯ май нигарӣ

Холдои даъвии соҳиби назарӣ чанд охир

Ҳон нагардӣ ба бар аҳли ҳақиқати кофар

Гӯш кун нуктаи он сари вафоро ношир

Гар ту аз дида ушшоқ нагардӣ нозир

Кист ҷомӣ ки кунад даъвии соҳиби назарӣ