То ба савдои ту дилро ишқу ҳиммат ёр шуд
Нақди ҷон бар кафи ниҳод ва бар сар бозор шуд
Мо зи доми хештани бинӣ ба куллӣ руста ем
Вой бар мурғӣ ки сайди ҳалқа пиндор шуд
Аз гулистони ҷамолати аҳли маъниро чаҳ суд
Чун гулӣ наомад ба дасту пои дил пурхор шуд
Наргиси хӯни рези ёр аз бас ки бепарҳез буд
Тарк хунхорӣ накарду оқибат бемор шуд
Офтобӣу хаёлиро зи меҳрати зарра Эй
Кам намегардад агарчӣ дардисар бисёр шуд