Дил на ҷузи ғусса муҳаррамӣ дорад

На ба ҷузи нола ҳамдамӣ дорад

Даҳанат тоза кард риши дилам

Гарчи дар ҳуққа марҳамӣ дорад

Ту на онӣ кигар бимирами ман

Аз ғами ман туро ғамӣ дорад

Чаҳ ниҳон дорам эй рақиб аз ту

Ки ба ту ҳаргизам наме дорад

Бозами овози неи бабрад аз ҳуш

Вақти неи хуш ки хуш дамӣ дорад

То хаёлӣ ба тарк олам гуфт

Ба сари хеш олимӣ дорад