Касе ки силсилаи зулф мшкбў дорад
Куҷо ба ҳалқаи ушшоқи сар фурӯ дорад
Гадои майкадаро ҳосилӣ з ҳастӣ нест
Ба ғайри даст ки дар гардан сабу дорад
Дило муроди дили худ зи ғайри дӯсти мҷу
Ки ҳарчӣ ғоят мақсӯд туаст ӯ дорад
Касе ба манзили мақсӯд бар тариқи ҳавас
намерасад , магари он кас ки ҷустуҷӯ дорад
Муқарараст ки шоиста никуӣ нест
Касе ки бад кунаду хешро накӯ дорад
Каминаи хок дар худ шимури хаёлӣ ро
Ба шукри онкии худоят ба об рӯ дорад