Маро то сӯзи дил ҳар шаби балоӣ тан нахоҳад шуд

Чу шамъи ин рози пинҳонами туро равшан нахоҳад шуд

Ба саъии ғамза ва абрӯ макун тороҷи малики дил

Ки тадбири чунин корӣ ба макр ва фан нахоҳад шуд

Касе кови ҳамчу иброҳӣм наниҳад пой дар даъвӣ

Ба маънии оташи меҳнат бар ӯ гулшан нахоҳад шуд

Ба аввал то нахоҳад шуд зи худ беруни дили ришам

Ҳарими каъбаи кӯии тўош маскан нахоҳад шуд

Ҳамон беҳтар ки дар бозии хаёлии сар ба теғ ӯ

Ки ҳукм қотеъаст ин дайн ва аз гардан нахоҳад шуд