эй меҳри ту аниси дили нотавони ман

Зикри лабу даҳони ту вирди забони ман

То ном ту шуниду нишони тўёФти дил

Дигар асар наёфт зи ному нишони ман

Аз лавҳ хотирам наравад нақши меҳри ту

Баъд аз аҷал ки хок шавад устихони ман

Дили сӯхти зоин ҳасад ки чаро сарф ме шавад

Ҷузи нақди ҷони ман ба фидои ту ҷони ман

Касро вуқуф нест биҷузи неи зи ҳамдамон

Каз даст ҳиҷр кист нафиру фиғони ман

Гуфтам тани хаёлии мискин чу мӯӣ чист

Дар тоб рафт ва гуфт зи фикри миёни ман